Муаррифии сомона ва афзорак оид ба саводи расонаӣ

Поделиться

Ширкати ҳуқуқии мушовир дар охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли 2019 портал ва бозии омӯзишӣ оид ба саводнокии расонаӣ, ки аз ҷониби Ширкати ҳуқуқии “Мушовир” дар доираи лоиҳаи аз тарафи “Internews Тоҷикистон” маблағгузоришаванда  коркард шуда, ба истифода дода шудааст, барои гуруҳҳои ҳадафноки худ, яъне ҷавонон муаррифӣ намуд.

Аввалин шахсоне, ки аз портал ва бозии омӯзишӣ бохабар гардиданд, ин волонтерон ва ташрифоварандагони Маркази рушди ҷавонони Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ  дар шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд мебошанд. Санаи 31 октябри соли 2019 Собиров Суҳроб дар маъракаи ҷамъбастӣ 10 рӯзаи “Саводи расонаӣ” дар дафтари Филиал, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бозии омӯзишӣ ва ҳамчунин портали омӯзиширо муаррифӣ намуд. Дар рафти муаррифӣ ҷавонон асосан ба бозии омӯзишӣ рағбати зиёд зоҳир намуда, оиди он саволу ҷавоб намуданд ва ҳамчунин дар онҷо хоҳиши бозиро дар амал санҷидан намуданд, ки ташкилкунандагон ба онҳо ин имкониятро фароҳам оварданд.

Баъди дар амал санҷидани бозӣ иштирокчиёни вохурӣ таклифу пешниҳодҳои худро оиди беҳтар намудани бозӣ ба коркардкунандагони бозии омӯзишӣ иброз намуданд, ки ҳамаи таклифҳо бо хушнуди қабул гардиданд.

Ҳамчунин барои шиносоии бештари ҷавонон бо маҳсулотҳои дар доираи Лоиҳа коркард шуда, Ширкати ҳуқуқии “Мушовир” санаи 02 ноябри соли 2019 дар маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеи хушманзараи шаҳри Гулистон дар рафти тренинг бозӣ ва портали омӯзиширо ба иштирокчиёни тренинг муаррифӣ намуд.

Ҳамчун дар дафтари кории ширкат барои ҷавонон санаи 08 ноябри соли 2019 бозии омӯзишие, ки дар Play Market ҷойгир карда шуда буд, аз ҷониби Собиров Суҳроб муаррифӣ карда шуд ва дар як вақт ҷавонон ба воситаи смартфонҳои худ бозиро санҷида, ба он баҳои хуб доданд.

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM