Бизнес ва шартномаи меҳнатӣ

Поделиться

         Дар рафти пешбурди бештари тиҷорат зарурияти қабули кормандони кироя ба миён меояд. Ҳангоми ба кор қабул намудан ба тамоми субъектҳои соҳибкорӣ зарур аст, ки шартномаи меҳнатӣ тартиб дода ба имзо расонанд.

Шартномаи меҳнатӣ чист ва он кадом қисмҳоро дарбар мегирад?

Шартномаи  меҳнатӣ– созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки конунгузори муайян намудаанд, таъмин кунад.

Дар шартномаи меҳнатӣ бояд чунин қисмҳо бошанд, то ки он тавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманду корфарморо ба пурагӣ аниқ намуда, онҳоро ҳимоя намояд:

  • ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад (ҳамчунин соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, метавонанд Тарафи Шартномаи меҳнатӣ ҳамчун Корфармо баромад намоянд), масалан: ҶДММ “Себзор”, ш. Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ 299 “А”, СИ “Эшонов”, ш. Хуҷанд, кӯчаи Р. Ҷалил, 55 “Б” ва ғайраҳо.
  • насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда, масалан: номи шахсе, ки ба кор қабул карда мешавад.
  •  ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян), бояд дар ин ҷо мушаххас ҷойи корӣ муайян карда шавад.
  •  вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд, бояд дар ин қисм номи вазифаи корманд бо пурагӣ зикр карда шавад.
  •  хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад.
  • санаи оғози кор, кор аз кадом сана оғоз меёбад, масалан: Шартнома санаи 29.01.2019 баста шудааст, агар кор санаи 01.02.2019 оғоз карда шавад пас, бояд дар шартнома санаи 01.02.2019 зикр карда шавад.
  • муҳлати шартномаи меҳнатӣ, шартномаи меҳнатӣ ба кадом муҳлат баста мешавад ва ё ин ки он бемуҳлат мебошад.
  •  низом ва реҷаи вақти корӣ, дар ин қисм бояд давомнокии вақти кории ҳамарўза (баст), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи баст дар як шабонарўз, иваз намудани рўзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як баст ба басти дигар зикр карда шавад.
  •  вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд, яъне дар ин қисм бояд зикр карда шавад, ки истироҳат 1 рӯза (танҳо рӯзи якшанбе) ё ду рӯза (шанбе ва якшанбе) мебошад, ҳамчунин бояд зикр карда шавад, ки ба корманд рухсатии меҳнатӣ дар як сол ба муҳлати чанд рӯз дода мешавад.
  •  андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат, дар ин қисм андозаи музди меҳнате, корманд мегирад нишон дода мешавад, масалан: 1000,00 сомонӣ
  • ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо, дар ин қисм ҳуқуқҳои корфармо ва уҳдадориҳои ӯ барои ҳимоя худ ва риояи манфиатҳои корманд нишон дода мешавад
  •  ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд, дар қисми мазкур ҳуқуқҳои корманд ва уҳдадориҳои ӯ барои ҳимояи корманд аз истисмор ва ҳуқуқшиканӣ ҳамчунин ҳимояи корфармо қайд карда мешавад.
  •  тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, дар ин қисм дар ҳолати зарурият шартнома чи хел тағйир дода мешавад ва чи тавр ва кай қатъ мегардад навишта мешавад.
  •  кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо, дар қисми номбурда барои ҳимояи корманд кафолатҳо, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо бояд зикр карда шавад
  •  шартҳои суғуртакунонӣ
  •  ҷавобгарии тарафҳо, дар қисми мазкур масъулияти тарафҳо дар ҳолати вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ оварда мешавад
  • санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.

 

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM