Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ

Поделиться

Бахшида ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Ширкати ҳуқуқии «Мушовир» тасмим гирифт, ки оиди Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ мақолаеро манзури хонандагон гардонад. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ (туристӣ) Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият” фаъолияти туристӣ, фаъолияти иҷозатномашванда мебошад.

Ба фаъолияти туристӣ чи дохил мешавад? 
Ба фаъолияти туристи корҳои оид ба ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он вобаста дар самтҳои туризми воридотӣ, содиротӣ ва дохилӣ (агентии туристӣ, туроператорҳо ва ташкилотҳои экскурсионӣ, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, ки бевосита бо ташкили фаъолияти туристӣ машғуланд) ворид мегарданд.
Кадом мақомот барои фаъолияти туристӣ иҷозат медиҳад?
Барои фаъолияти туристи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад.
Барои фаъолият ва гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти туристӣ чи гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои гирифтани иҷозатнома ва фаъолият бурдан дар соҳаи фаъолияти туристӣ чунин талаботҳо пешбинӣ шудаанд:
-дар воҳиди кории шахси ҳуқуқи мавҷуд будани як нафар корманди дорои таҳсилоти махсус дар соҳаи туризм ва ё бо таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар ҳамин соҳа;
-на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси кормандони шахси ҳуқуқи, ки бевосита бо ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он алоқаманд машғуланд;
-мавҷуд будани утоқи хизматии хусуси ва ё иҷорави бо таҷҳизоти дахлдор;
-танҳо баъд аз ба имзо расонидани шартнома (контракт) бо мизоҷон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, амали намудани хизматрасонии туристӣ;
-дастрас намудани маълумоти пурра ба ҳар як турист оид ба хусусиятҳои ба хориҷа рафтан, ворид гардидан ва будубош дар давлати хориҷӣ, оид ба қоидаҳои рафтор ва интизом дар вақти сафари туристи ба хориҷа;
-ба истеъмолкунандаи хизматрасонии туристӣ дастрас намудани маълумоти пурра оид ба реҷаи кории ташкилкунандаи хизматрасонии туристӣ, суроғаи ҳуқуқии он, мавҷуд будани иҷозатнома, насаб, ном ва номи падари шахсони мутасаддӣ, ки дар пеш бурдани самтҳои мушаххаси фаъолияти туристӣ масъуланд;
-нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртави доир ба суғуртаи сайёҳон;
-мавҷуд будани системаи таъмини бехатари, расонидани ёрии тибби ва дигар кӯмакҳо ҳангоми ҷароҳат бардоштан, бемори ва дар дигар ҳолатҳо ба туристон.
Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳи ҳангоми амали намудани фаъолияти туристи барои соҳибкорони инфиродӣ:
-омодагии касбӣ, шаҳодатномаи тахассуси ва таҷрибаи ташкили хатсайрҳои туристӣ;
-хатсайри туристии таҳиягардида;
-маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ.
Шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили хизматрасонии туристӣ, сайёҳони хориҷшаванда ва дохилиро бо роҳхатҳои шаклашон ягона таъмин менамоянд. Барои сайёҳони воридшаванда реестри ташрифи сайёҳи хориҷӣ ҷори карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ва реестри ташрифи сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ташкили омори дақиқи хизматрасонии туристӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои таҳия ва назорат карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ҳуҷҷати ҳатмие мебошанд, ки аз бастани шартнома байни ташкилотҳои туристӣ ва сайёҳон шаҳодат медиҳанд.
Субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатнома баъд аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ё қабули сайёҳони хориҷи ба мақомоти ваколатдори соҳа ҳисоботи хатти пешниҳод менамоянд.
Барои гирифтани иҷозатнома бояд чи гуна ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд? 
Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
— ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқи, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
барои соҳибкори инфироди – насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
-намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфироди ва шахси ҳуқуқи мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
барои шахси ҳуқуқи – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқи;
барои соҳибкори инфироди – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфироди;
-нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
-ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;
-маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;
-рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.
Барои гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти туристӣ довталаб бояд ҳамчунин ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:
-ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристи амали карда мешавад, нусхаи низомномаҳо, фармонҳо доир ба таъини роҳбарон, боваринома ба роҳбар, суроға, суратҳисоби бонки;
-барои шахси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи сертификати аз ҷониби мақомоти нотариали тасдиқнамудаи давлати хориҷи ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристи, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқи ва воқеи шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст.

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муборак бошад!

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM