Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома.

Поделиться

Тибқи моддаи 9-и ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ» Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома чунин намуди ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

— ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шўъбаи бонк;
б) барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
— намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро дорад ва мўҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад;
— барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
-нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 29.12.10 с. №662)
— ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунанд;
— нусхаи хуҷчат дар бораи аз тарафи мақомоти андоз ба довталаби иҷозатнома додани рақами мушаххаси андозсупоранда. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., №662)
  1. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинӣ шуда метавонанд. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дода мешаванд. (ҚҶТ аз 12.11.13с., №1030)
  2. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рўйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рўзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM