Ҳангоми оғози бизнес ва ё пайдошавии нақшаи тиҷоратӣ бештари одамон дар фикри он мебошанд, ки барои тиҷорати худ кадом шакли ташкилию ҳуқуқиро интихоб намоянд. Бештари онҳо дар бораи оғози тиҷорат дар шакли Соҳибкори инфиродӣ (СИ) ва ё Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ) фикр менамоянд ва ба воситаи интернет ва ё дигар манбаъҳо оиди фарқияти онҳо (афзалиятҳо ва камбудиҳо) маълумот ҷамъ менамоянд. Ширкати ҳуқуқии “Мушовир” тасмим гирифт, ки оиди ин масъала як инфографикаи хурдро барои хоҳишмандон ва соҳибкорони имрӯзаву оянда манзур намояд: