Инсони комил на танҳо барои талаботҳои иқтисодии худро қонеъ намудан зиндагӣ мекунад ва умр ба сар мебарад. Бинобар ин дар думболи давуғеҷи зиндагии ҳар рӯза ва махсусан барои ба даст овардани қути лоямути хеш, дар баъзе ҳолатҳо инсони комилро хоҳиши дар муҳити атрофи хеш тағйиротҳои мусбиро ба миён овардан фаро мегирад. Яке аз роҳҳои муваффақи муттаҳидшавии одамони дорои мақсадҳои ягона ва амалигардонии нақшаҳои хубу кордеҳ – таъсиси Ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад. Гарчанде, ки дар мадди аввал он ҳамчун беҳуда сарфи вақт, маблағ ва кӯшишу ғайрат намудор шавад ҳам, бовар кунед, ҳангоми муносибати дуруст ба кор ва амалигардонии ақидаҳои хуби ба ҷомеа манфиатбахш, он хело судманд мебошад. Дар баробари судманд будани чунин фаъолият барои ҷомеа, ҳамчунин он метавонад ба Шумо обруву эътибори хоса дар назди ҷомеаро диҳад ва ҳамчунин дар сурати дуруст ба роҳ мондани кор ҳатто аз ҷиҳати иқтисодӣ низ метавонад талаботи Шуморо қонеъ гардонад (албатта кор дар чунин ташкилотҳо шахсро сарватманд намегардонад). Пеш аз ҳама дар аввал мақсади фаъолияти ташкилотро муайян намуда самтҳои кори онро ба таври дақиқу аниқ барои худ ва ҳаммақсадон радифон муайян намоед. Инҳо масъалаҳои экологӣ, кӯмак расонидан ба аҳолии камбизоат, масъалаҳои фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва пешбурди он, ҳамчунин мусоидат намудан ба пешрафти ҷомеаҳои маҳаллӣ, пешгирии ҳаргуна амалҳои номатлуб шуда метавонанд.
Баъдан, бояд вазъи ТҶ интихоб карда шавад. Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис ёфта, амал мекунанд. Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қаламрави як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ фаъолият намуда, филиал ва намояндагии худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ё якчанд давлатҳoи хориҷӣ дорад ё мақсад дорад мувофиқи оиннома ин воҳидҳоро дошта бошад
Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд, филиалҳо ва намояндагиҳо дошта бошад.
Иттиҳодияи ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки мувофиқи мақсадҳои оинномавиаш дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолият мекунад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар номи худ калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон»-ро бе иҷозати махсуси мақоми давлатии салоҳиятнок ва бе супоридани ҳама гуна пардохтҳо истифода намоянд. Дар мақолаи мазкур асосан дар бораи тартиби таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сухан меронем.
Тартиби бақайдгирӣ
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони он – на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешавад. Яъне аз ин бармеояд, ки барои таъсиси ташкилот ба шахси ташаббускор зарур аст, ки ҳадди ақал боз ду нафари дорои мақсадҳои ягонаро ёбад. Ин шахсон метавонанд ҳамкорон, дӯстон, ҳамсояҳо ва шиносони Шумо бошанд. Муҳимаш он аст, ки бояд дар байни ин шахсон мақсаду мароми умумӣ оид ба фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ташкилот ҷой дошта бошад. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ шуда метавонанд.
Шахсони воқеие, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар тартибро муқаррар накарда бошад. Танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасида, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аъзои мақомоти назорату тафтишии онҳо шуда метавонанд. Ҳангоми таъсиси ташкилоти ҷамъиятӣ муассисони ин ташкилот бевосита аъзои он гардида, ҳуқуқ ва вазифаҳои дахлдор пайдо менамоянд.
Омодагӣ барои бақайдгирии давлатӣ
Давраи мазкур, яке аз давраи муҳим мебошад ва он аз чор қисм иборат мебошад: интихоби номи ташкилот, тартиб додани Оинномаи ташкилот, гузаронидани маҷлиси муассисон ва пардохти боҷи давлатӣ. Ҳангоми интихоби номи ташкилот бояд дар хотир дошт, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” номи расмии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба шакли он ва ҳудуди фаъолияти он ишора дошта бошад. Ҳангоми интихоби номи ташкилот кӯшиш намоед, ки номи хуб интихоб намоед ва ҳамчунин ба назар гиред, ки бояд бо чунин ном дигар ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашуда бошад (оиди мавҷудияти ТҶ бо чунин ном Шумо метавонед аз Вазорати адлия ва ё мақомотҳои маҳалии он маълумот гиред). Ҳамчунин мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд номгузории ҳамагуна ташкилотҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилиашон ба забони давлатӣ, ки забонӣ тоҷикӣ аст сурат гирад. Барои тартиб додани Оинномаи ташкилот аз нишондоди моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” истифода мебарем. Ҳамин тавр, Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
— ном, мақсади иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии он;
— сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуди фаъолияти ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
— шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ин иттиҳодия (танҳо барои иттиҳодияҳое, ки узвиятро пешбинӣ менамоянд);
— салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мўҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;
— тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
— сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳои он оид ба идоракунии амвол;
— тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ.
Қисми муҳими дигари давраи мазкур ин гузаронидани маҷлиси таъсисии ТҶ мебошад, ки он бояд қарорҳои мазкурро барорад:
-оиди таъсиси ТҶ;
-оиди тасдиқи оиннома;
-оиди интихоб намудани мақомоти роҳбарикунанда ва мақомоти назоратӣ-тафтишотии ташкилот.
Натиҷаи гузаронидани маҷлиси муассисон дар суратҷаласа дарҷ карда мешавад, ки он аз ҷониби раис ва котиб ба имзо мерасад.
Барои бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” пардохтҳои боҷи давлатӣ дар ҳаҷмҳои зерин пешбинӣ карда шудааст:
1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (500 сомонӣ)
2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (250 сомонӣ)
Дар асоси моддаи 23 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” аз 1 январи соли 2017 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Бақайдгирии давлатии ТҶ
Барои ба даст овардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (минбаъд — мақомоти бақайдгиранда) анҷом медиҳанд. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки фаъолияти онҳо мувофиқи оиномаҳояшон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. (моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”)
Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳои робита нишон дода шудаанд;
— оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;
— иқтибос аз протоколи анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;
— маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ: барои шахсони воқеӣ — насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шўрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – нусхаи шаҳодатномаҳo дар бораи бақайдгирии давлатии оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шўрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;
— аризаи шахсоне, ки дар бораи розигӣ ба истифодаи номи шаҳрванд дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудаанд;
— ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ қарордошта — ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;
— ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
— ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
— барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ – протоколҳои анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлисҳои умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ
Ба хотир дошта бошед!
Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми як моҳ аз рўзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаи бо қонун пешбинӣ шуда анҷом ёфта, ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Дар баробари пешниҳоди шаҳодтанома мақомоти бақайдгиранда, ба Шумо хабарнома оиди бақайдгирии давлатии ташкилоти ҷамъиятӣ барои пешниҳод намудан ба мақомоти андоз ва омор медиҳанд, то ки дар мақомоти андоз ва омор ташкилотро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта ба Шумо РМА ва ҳуҷҷати бақайдгирии оморӣ диҳанд. Вақте, ки Шумо аз мақомоти андоз ва омор РМА ва рамзи ОКПО ва аломатҳои классификатсионӣ мегиред, аз ҳамон лаҳза иборатан Шумо метавонад фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти ҷамъъиятӣ шуруъ намоед. Боиси зикр аст, ки барои гирифтани рамзи ОКПО ва аломатҳои классификатсионӣ аз мақомоти омор низ бояд маблағи муайянро пардохта шавад.