Санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ

Поделиться

Тартиби санҷиши фаъолияти корхонаву ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” (аз 25.12.2015с.) ба танзим дароварда мешавад.

Намудҳои санҷиш чунин аст:

— нақшавӣ;

— ғайринақшавӣ;

— иловагӣ;

— такрорӣ.

Дар асоси талаботи қонунгузорӣ асосан чунин мақомотҳо ҳуқуқи гузаронидани санҷишро доранд:

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

— Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати энергетикӣ;

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустй ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

Мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ;

— Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар мақомотҳо, ки дар моддаи мазкури Қонун оварда шудаанд.

Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қарори мутобиқи Қонуни мазкур қабулнамудаи мақоми санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш аст.

Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш бояд чунин маълумотҳоро дар бар гирад:

— сана ва рақами бақайдгирии қарор;

— номи мақоми санҷише, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;

— номи пурраи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ё насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;

— мавзӯъ, мақсад ва объекти мушаххаси санҷиш дар субъекти хоҷагидори мазкур;

— мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгузаронанда;

— сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;

— давраи санҷиш;

— имзои роҳбари мақоми санҷишӣ;

— муҳри мақоми санҷишӣ.

Роҳбари субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пас аз гузашти муҳлати санҷиши дар қарор зикргардида шахсони мансабдори мақомоти санҷишро ба объекти санҷиш роҳ надиҳад, ба истиснои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

“Дар асоси як қарор дар бораи санҷиш танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.”

Ҳар як корхонаву муассиса бояд дафтари бақайдгии санҷишҳо дошта бошад. Намояндагони мақомоти дахлдор уҳдадоранд, ҳангоми ба санҷиш ҳозир шудан ҳатман дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо асос барои санҷиш, санаи оғоз ва анҷом, мақсад ва мавзуъ, намуди санҷиш, насаб, ном ва номи падар, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст, қайд карда мешавад.

Бо мақсади гузаронидани санҷиш, ба истиснои гузаронидани санҷиш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро аз санҷиши гузаронидашаванда дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ қабл аз оғози санҷиш ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Огоҳиномаи хаттӣ шарти асосии гузаронидани санҷиш буда, мақомоти санҷишӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули огоҳинома ҳуқуқи оғоз намудани санҷишро доранд.

        Дар огоҳинома дар бораи гузаронидани  санҷиш  масъалаҳои зерин бояд зикр карда шаванд:

— номи мақоми санҷишӣ, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва суроғаи маҳалли зисти он, рақами шаҳодатномаи хизматӣ;

— асос барои гузаронидани санҷиш;

— мавзӯъ, мақсад ва объектҳои санҷиш;

— санаи оғоз ва анҷоми гузаронидани санҷиш;

— номи субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Огоҳинома ба роҳбари субъекти хоҷагидор ё ба шахси ваколатдор шахсан ё тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ва огоҳиномаи почта ё мустақиман бо имзо супорида мешавад. Роҳбар ё шахси ваколатдори субъекти хоҷагидор баъди гирифтани огоҳинома вазифадор аст дар объекти санҷидашаванда дар вақти барои оғози санҷиш таъингардида ҳозир бошанд.

Субъекти хоҷагидор дар сурати нагирифтани огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш ҳуқуқ дорад шахси мансабдори мақоми санҷишро барои гузаронидани санҷиш роҳ надиҳад.

Агар мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ба таври хаттӣ огоҳ насозад, қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш беэътибор буда, оқибати ҳуқуқӣ надорад.

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM