Маълумотҳое, ки сирри тиҷоратӣ ҳисобида намешаванд.

Поделиться

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» аз 18 июни соли 2008.
Моддаи 5. Маълумоти ғайримансуб ба сирри тиҷоратӣ
Низоми сирри тиҷоратӣ наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин муқаррар карда шавад:
а) маълумоти ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ва маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки дар феҳристи дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамоянд;
б) маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки ба шахс ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро медиҳад;
в) маълумот дар бораи таркиби молу мулки корхонаи давлатӣ, муассисаи давлатӣ, инчунин мавриди истифода қарор додани маблағи буҷетии дахлдор;
г) маълумот дар бораи олудашавии муҳити атроф, ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дигар омилҳое, ки ба фаъолияти бехавфи объектҳои истеҳсолӣ, бехатарии ҳар як шаҳрванд ва тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд;
д) маълумот дар бораи ҳайати кормандон, низоми пардохти музди меҳнат, дар бораи нишондиҳандаҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, касалиҳои касбӣ ва дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ;
е) маълумот дар бораи қарздории корфармоён оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
ж) маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далелҳо оид ба ҷавобгарӣ барои содир кардани ин қонуншиканиҳо;
з) маълумот дар бораи шарту шароитҳои озмунҳо ва савдо дар музояда оид ба хусусигардонии объектҳои давлатӣ, хариди давлатии мол ва кору хизматрасонӣ;
и) маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҳаҷм ва таркиби молу мулки онҳо, хароҷот, шумораи кормандон ва музди меҳнати онҳо, истифодаи меҳнати беподоши шаҳрвандон дар фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ;
к) маълумот дар бораи рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқ доранд бе ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ амал кунанд;
л) маълумоте, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ошкор шавад ё дастрасии он маҳдуд нагардад.

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM