Лоиҳаи «Қадам ба сӯи рушд» / ШҲ «Мушовир» ва Интернюс

Поделиться

Бо дастгирии молиявии “Internews Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Қадам ба сӯи рушд” ширкати ҳуқуқии “Мушовир” (СИ Собиров С.Р.) барои баланд бардоштани саводи расонаӣ (медиасаводнокӣ)-и ҷавонон портали омӯзишӣ омода намудааст, ки дар суроғаи зерин ҷойгир аст: https://media.mushovir.tj/tj/

Дар портали омӯзиши дар айни замон шаш дарсҳо омода шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Дарсҳо барои дастрасӣ ба тамоми хоҳишмандон дар се шакл, яъне шакли видеоӣ, аудиоӣ ва матн бо инфографика ҷойгир карда шудаанд.

Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи номбурда, аз ҷониби Ширкати ҳуқуқии “Мушовир” дар низоми Андроид барои шавқовар гардидани раванди омӯзиши мавзӯи саводи расонаӣ бозии омӯзишӣ коркард карда шуда, барои боргирӣ (скачать) дар Play Market ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин ба наздикӣ барои низоми iOS бозии омӯзишӣ ҷойгир карда мешавад.

Шумо метавонед бозиро аз https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.mushovir.media дастрас намоед ва чи тавре, ки мегуянд бо як тир ду нишонро занед, яъне ҳам бози кунед ва бо ин роҳ ҳам аз саводи расонаӣ бохабар гардед.

QR

Ответить

Address
304 North Cardinal St.
Dorchester Center, MA 02124

Work Hours
Monday to Friday: 7AM - 7PM
Weekend: 10AM - 5PM